Get Mystery Box with random crypto!

Дили озурда Қисми-2 Парвина доим суханони хикматомези рахмат | Қиссаҳои Зиндагӣ

Дили озурда Қисми-2

Парвина доим суханони хикматомези рахмати падараш ба гушаш кушиш мекард,ки хубу аьло бихонаду оянда бехтарин чаррохи чумхури шавад.Парвина  чашмони зебову коши пайванди Ромизро пеши ру оварду ба дил гуфт :ман бояд хушу хаеламро ба хондан бигирам,на ба ошики.Ин чизо айни замон ба ман умуман лозим нест.
Замира хурсанд буд,ки Ромиз занг заду у гуширо бардошт.То карибии субх Парвина дарс таер кард.Замира бошад ба раками занг задагии Ромиз як бор занг заду ало мебахшед Ромиз хастанд гуфт.Ромиз худаш телефонро бардошту хоболуд гуфт;шумо дугонаи Парвина ?у омад аз куча ?
-Навакак омад
-Наход,о соат 2 и шаб ку
-Хоо,барои хамин занг зада хабари омаданашро расонидам.
-Хуб,Хоби хуш
Ромиз бисер мушаваашхотир шуд.Дар хаеташ аввалин бор ошик шуду ин хам бебарор баромад.Фикр кард ,ки агар духтари чавон шабона ба куча баромада бошад,пас хатман дустдоштае дораду вохури баромадагист.
Парвина аз ин хама бехабар ба дарс мерафту меомад.Рузи дигар баьди нисфирузи Ромиз аз хохараш хохиш кард,ки ба дугонааш занг занад.Вакте хохари Ромиз Парвинаро пурсид,Замира гуфт,ки Парвина аз дарс омаду ба кучое чизе нагуфта баромад.Хол он ки Парвина ба магоза орд хари рафта буд.
Ин навбат дили хохари Ромиз хам ким чи хел шубха пайдо кард.Ба худ гуфт:шояд Парвина хаппаки таги таппак аст.
Парвина хамоно бехабар аз найрангхои дугонаи чониаш буд.Замира акнун дар танхои ба Ромиз занг зада соатхо сухбат мекард.Охиста -охиста байни онхо як одат пайдо шуд.Замира он чунон хушбахту хурсанд буд,ки бо сухан тасвир карда намешавад.Ба Парвина накл кард ,ки гуе Ромиз дар ишки у сухта хокистар шудааст.
Аммо Ромиз барои издивоч бо у шитоб намекард.Боре у гуфт,ки мехохад ба хорич барои тичорати мошин равад.Замира доду вой кард,ки у аз Ромиз хомиладор аст.Окибат Ромиз хонаи онхо хостгор фиристод.Рузи туйро муайян карданд.Дугонаи наздикаш дар туй барои Замира дигар нафаре шуд на Парвина.У аз рашки зиед дугонаашро барои шохид,дугонаи наздики арус шудан даьват. накард.Тарсид,ки шавхари ояндааш Парвинаро мебинаду ишкаш аз нав зинда мешавад.
Баьди туй арусро ба хонаи домод бурданд.
Парвина шаби туй ба чашмони махзуни домод нигариста хайрон шуд.Домод хеч хурсанду хушруз набуд.Парвинаро диду домод инони ихтиерашро аз даст дод.Чашмонашро аз Парвинаи нозукнихоли ороста намеканд.
Эй ери ба дил наздики ноошно
Рафти ба он шахре,ки мевааш дигар аст
Магар сарнавишт набуд будани мо
Ки рафтиву хабар наефти аз ин дили мо
Парвина хис кард,ки чи кашише вучуд дорад байни уву Ромиз.
Идома дорад...


@qissahoizindagi