Get Mystery Box with random crypto!

Дили Oзурда Қисми-3 Парвина хис кард,ки нисбати ин чавони б | Қиссаҳои Зиндагӣ

Дили Oзурда Қисми-3

Парвина хис кард,ки нисбати ин чавони болобаланди чашму абрувон сиехи кошпайванд бепарво нест.Аммо аллакай дер шуда буд.У бо дугонаи чониаш туйи домоди дошт.Туй ба охир расид.Замира аз субхи аввали аруси бо хохаршуяш гапгузарониро сар кард.Ромиз хайрон шуду уро як шаппалок зад.Акнун Замира симои аслиашро нишон дода доду вой кунон ба падараш занг зад.Байни кудохо гапу чанчол ба вукуь пайваст.Кариб буд,ки худи хамон руз арусро чавоб дихад Ромиз.
Парвина баьди як хафта бо модараш ба дидорбинии дугонааш рафт.Замира онхоро бо худнамои пешвоз гирифта факат дуруг ба дуруг таьриф кард,ки гуе хеле хушбахту саодатманд аст.
Дар асл хар соат бо хохаршуяш дар чангу бахс буд.Хохари Ромиз дар танхои ба Парвина гуфт,ки акаи ман бо як нигох туро ошик шуда буд,аммо хар бор ки ба раками телефони хона занг задааст,Замира бардошта мегуфт ки Парвина ба куча ба назди касе баромадаги.
-Маро бубахш Парвина,ман хам он вакт гумон доштам,ки ту кучое мерави ва дустдоштае дори.Нафахмидам,ки ин мори захрнок туро тухмат карда ба акаи ман ошик шудааст.Акнун дарк кардам,ки хамаи ин бахили нисбати ту будааст дугона.Ту зеби акаи хушруйи ман буди,афсус....
Парвина аз хакикати талх огахи ефта бошад хам,хеч бовариаш намеомад,ки дугонаи бехтаринаш,ки аз давраи кудаки бо хам ба воя расиданд,ба чунин тухмат кодир бошад.Дилаш сахт озурда шуд.
Аммо сир бой надода хамоно бо Замира муносибаташро дигар накард.Ба дил гуфт,ки такдир набудааст.
Замира бо Ромиз хамаги шаш мох зиндаги карду халос.Ба хонаи падар баргашту кудаки батнашро искоти хамл кард.Ромиз ин корашро харгиз набахшид.
Замира бо Парвина хамоно дустиашро идома медод.Чавони хамсабакаш бо исми Фарахманд ошики шайдои Парвина шуд.Ба хонаи онхо хостгор фиристод.Рузи туйро муайян карданд .Харду дар курси охирини донишгох мехонданд.Аммо рузе,ки бо Парвина ва апаи домод барои либоси арусиро ичора гирифтан мерафтанд,Замира ба апаи домод гуфт,ки Парвина номус аз даст додаву дустдоштааш собик шавхари Замира ,Ромиз аст.Хатто касами бардуруг хурд.Апаи домод девона шуд.Дасти Парвинаро гирифта ба назди табиби занона бурд ва гуфт тамоми бадани уро муоина кунанд ва аник бигуянд,ки Парвина духтари бо касе набуда хаст е на.
Парвина аз ин рафтору кирдори апаи домод сахт асаби шуду гуфт;ба ман чунин хонавода даркор нест.Додаратон аз худатон.Ба гадои охирини деха ба шавхар мебарояму ба додари шумо не.
У хуб медонист,ки хамсабакаш моиндар дорад ва ягона апаашро гуш мекунад.Барои хамин ояндаашро фикр кард.Хуллас туй вайрон шуд.Домод ба гапи апааш гуш карда туйро гардонид.
Апаи домод ба Парвина нагуфт,ки тухматгир кист,харчанд баьди ташхиси тибби у пурра бокира баромада буд.
Замира хамоно шарм накарда бо Парвина дусти мекард.
Парвина донишгохро хатм карду дар шахр ба хайси чаррох ба кор даромад.
Шабе дар навбатдориаш ба беморхона Ромизро таьчилан оварданд.Куррудааш печида танхо чаррохи имкони сихат шавии у буд.Ромизро Парвина чаррохи кард.
Идома дорад
...

@qissahoizindagi