Get Mystery Box with random crypto!

Дили озурда-кисми 1 Парвина бо Замира дустони давраи навраси | Қиссаҳои Зиндагӣ

Дили озурда-кисми 1

Парвина бо Замира дустони давраи навраси буданд.Хатто як пиела обро бе хамдигар наменушиданд.Модари Парвина бо модари Замира хамсинфу дусти наздиктарин буданд.Парвина нисбати Замира духтари бекинаву дилсофу дасткушод буд.Замира бошад, каме одати бахиливу такаббур дошт.Гоххо дар дилаш ба зебогии табии Парвина хасад мебурд.Вале сирашро ифшо намесохт.Онхо баьди хатми мактаб якчоя ба Донишгохи тибби хуччат супориданд,аммо Парвина дохил шуду Замира аз имтихон афтод.Акнун бадбинии Замира нисбати у афзуд.Парвина бисер зик шуд,ки дугонаи чониаш аз имтихон нагузашт.Замираро модар бо пули зиед ба шуьбаи  филологии донишгохи милли дохил кард.Акнун харду дугонахо дар шахр буданд.Падари Замира як хонаги харида дод.Акнун дугонахо якчоя зиндаги мекарданд.Он солхо телефони мобили,интернет набуд.Танхо телефони хонаги буду халос.Парвина аз рузи аввали донишчу шуданаш бисер китоб мехонд.Дар дарсхо фаьолона иштирок мекард.Замира бошад тамоман ба тахсил шавке надошт.Доимо ба орову торои худ банд буд.Рузе онхо якчоя ба зодрузи хамкурси Парвина рафтанд.Дар махфили зодруз чавони болобаланди чашму абрувон сиехи кошпайванд мехмононро хушомадед кард.Замира бо як дидан шефтаву мафтуни ин чавон гардид.
Аммо чавонмард,ки бародари хамкурси Парвина буд,нигохашро аз рухсорахои сурху бечирми Парвина намеканд.Бо мехр ба у нигох мекард.Хатто хохараш ин нигоххои уро пайхас карда гуфт :акачон,ин духтари аьлохони гурухамон Парвина аст.Бисер духтари хубу намунави.
Вакти хайрухуш у аз Парвина хохиш кард,ки онхоро то истгох гусел намояд.Парвина шарм дошта зери лаб гуфт: ташаккур,мо худамон меравем.
Аммо Замира пешдасти карда ,бегох шуда истодааст,моро то истгох баред.Хуллас Ромиз онхоро то истгох бо мошинаш овард.Замира карру фарру мошини хоричии уро дида якбора ошиктар шуд.
Вакте аз мошин фаромадани шуданд,Ромиз гуфт ;
-Хонаи шумо дар кадом гушаи шахр аст ?Мошини таер,бурда мерасонам.
-Ин хонаи ман,падарам тухфа кардаги-ногахон лоф зад Замира.
-Нишони пеши Донишгохи аграри,дар чорраха якум бинои истикоматии панчошена.
-Хуб,бошад то хонаатон бурда мерасонам.
Ромиз аз ойинаи мошин бо як мехр ба Парвина менигарист.Парвина нигоххои уро пайхас карда,сарашро хам кард.Аз шарм рухсорахои сап сапедаш аргувони гаштанд.Чашмони бодомиаш ачаб зебо буданд.Ромиз аз дидори у халоват мебурд.Намехост,ки рох охир шаваду Парвина аз мошин фарояд.Онхо ба манзил расиданд.Вакти фаромадан аз мошин Замира гуфт;
-Рахмати калон ,ака,биеед хонаи мо ягон руз сари як пиела чой,як торти калон мепазам.
Хол он ки дар хаеташ торт напухта буд.Дар хунари кадбонуги Парвина дах панчааш хунар буду тамоми хамсояхои бачадор хаваси келин кардани уро мекарданд.
-Рахмати калон,насиб як руз меоем.
Парвина танхо хайр гуфту халос.
Мошин рафту Замира бо хасрат гуфт :
-Парвин,ин кадар акаи дугонаат хушруй,кадбаланд,мошиндор.Ман уро ба дом афтонда занаш мешавам.Ана,мебини.Лекин ,агар туро хуш карда бошад,розиги надех.Мову ту апаву хохар баринем.
-Гап нест -бо шухи гуфт Парвина.
Шабона аз телефони хонаашон беист занг омад.Замира очаам бошад гуен саросемавор гуширо бардошт.Ромиз раками телефони Парвинаро аз хохараш гирифта занг.мезад.Ин лахза Парвина дар ошхона чунбучули тозакори буд.
-Парвинабону
-Ман Парвина не, дугонааш.
-Узри зиед,ман Ромиз.
-Шинохтамтон.У берун баромад,шояд коре дорад.
-Чи...охир соат 23.00 нимашаб ку,дар берун танхо чи кор мекунад?
-Намедонам,касе занг зад ,баромад.
-Фахмо
Ромиз бо кахр гуширо гузошт.
...Наход духтарбача соати ездахи шаб танхо куча барояд ?Шояд ягон дустдошта дорад ?охир хохарам гуфт,ки бисер духтари ахлокаш хуб аст,бо ягон бача гап намезанад.Наход хохарам дуруг гуяд?
Субх боз занг мезанам.
Парвина аз ин ходиса бехабар ошхонаро таймизкори карду сипас сари китоб нишаст.Дарсхояш хеле мушкил буданд.

Идома дорад...

@qissahoizindagi