Get Mystery Box with random crypto!

Қиссаҳои Зиндагӣ

Logo saluran telegram qissahoizindagi — Қиссаҳои Зиндагӣ Қ
Logo saluran telegram qissahoizindagi — Қиссаҳои Зиндагӣ
Alamat saluran: @qissahoizindagi
Kategori: Tidak terkategori
Bahasa: Bahasa Indonesia
Pelanggan: 1.10K
Deskripsi dari saluran

•┈┈┈┈•❈••✾••❈•┈┈┈┈•
🅠🅘🅢🅢🅐🅗🅞🅘 🅩🅘🅝🅓🅐🅖🅘
Асалом Алекум
Хуш омадед🤗! Ба шабакаи "Қиссаҳои Зиндагӣ"
Админ/👉 @khasta_dil

Ratings & Reviews

4.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

2

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

1

1 stars

0


Pesan-pesan terbaru 2

2023-05-28 17:20:52
#Сархат
Чанг дар Сархади Эрон "Толибон" ҳуҷум ба Эрон намуда истодаанд.
Маълум мешавад, ки Давлати Эрон ҳоло ягон қарор оиди ин Толибон набаровардаанд..


Манбаъ: @korvoni_umr
1.1K viewsᴀʙᴜ ᴍᴜᴅᴀssɪʀ, 14:20
Buka / Bagaimana
2023-05-28 05:05:41 Санги сабур кисми 1

Сабрина шаби висолро бесаброна бо як орзухои побанди чавони интизор буд.
У бо Парвиз аз давраи мактаби чун Лайливу Мачнун буданд.Падару модарони харду хонавода бо розигии тарафайн рузи туйро муайян карданд.Туй бояд дар тарабхонаи Гулдаста баргузор мегардид.Агар инсон такдиру сарнавишташро медонист, харгиз орзухояшро дар магзи сараш тархрези намекард.Сабрина худро хушбахттарин духтари дуне эхсос мекард.Охир ба дустдоштааш Парвизи кадбаланди зебо ба шавхар мебарояд.Парвиз як соат пештар ба у занг зада гуфт ;
-Сабриначон,хеле дустат медорам.Фаромуш накун,ки ту ишки аваалину охирини мани.
Сабрина аз суханони дустдоштааш мисли гули садбарг шукуфон гардид.Шабона якбора падару модараш баьди занги телефони падару модари Парвиз хотирпарешон шуда,ашк дар чашмонашро халка зад.Аммо ба Сабрина  натавонистанд,ки хакикати талхро бигуянд ошкоро.
Сабрина дарк кард,ки чи ходисаи нохуше руй додааст.Аз модараш пурсид,ки очачон чи ходиса руй дод?Чаро падарам якбора таьбаш хира гардид.Тинчи аст охир ?
-Духтарам,аввал ором шав.Гап дорам.Нотинчист.
-Чиии
-Духтарам, Парвиз...
-Чи ходиса шуд бо Парвиз?
-Духтарам,ором бош.
-Очачон.
-Парвиз аз соати 18.00 и бегохи бе ному нишон аст.Падару модараш мегуянд,ки ба раками мобилиаш занг мезананд,куштаги аст.Мегуянд ,ки дар кисааш пули калон дошт.Гуфтааст,ки кадом чураамро мебинам.
-Очачон,у кучо бошад ?
-Намедонам,дилам гувохи бад дода истодааст.
-Очачон,шаб хоб дидам,ки бобоям рахмати бо бел хоки кабристонро канда истодааст.Тарсида,бедор шудам.
-Умедворам,ки хамааш хуб мешавад.Шайтон ноумед.
Сабрина сари чойнамоз нишаста факат барои Парвизаш дуои хайр кард.
Он шаб то субх тамоми хешу таборон ба чустучуйи Парвиз баромаданд.Аммо аз ягон чо ному нишони уро наефтанд.Рузи дигараш туй буд.Мехмонон омаданд,хофизону ракосса хам.Аммо домодро аз чое пайдо накарданд.Бадхохон бошанд овоза карданд, ки гуе домод аз арус баркасд гурехта бошад.
Сабрина аз утоки хобаш берун набаромад.Факат мегирист.Хайрон буд,ки Парвиз кучо шуда бошад ?Падару модари Парвиз ба моргхои пойтахт рафтанд.Ва дар яке аз моргхо часади писарашонро ки ба воситаи арматур зада кушта буданд,ёфтанд.Часади писари гурамаргашонро ба хона оварданд.Сабрина аз акл бегона гашта либоси аруси пушида ба хонаи онхо омад.Замину осмон ба холи ин чавонони номурод гуе мегирист.Борони сел борид.
Кормандони полис муайян карданд,ки котилон барои пул уро ба катл расондаанд. Котил чурааш буду баьди пулро гирифтан шабона чипта харида ба Русия фирор карда буд.Сабрина касали равони шуд.Муддати се мох дар беморхона буд.Баьди аз беморхона чавоб шуда омадан бо касе гап намезад.Хотираш парешону гапхояш канда канда мебаромад.Падар уро ба назди психолог бурд.Психолог писари эркае дошт.У Сабринаро окибат баьди табобат ефтанаш рози кунонд,ки ба писари у ба шавхар барояд.Домод бо Сабрина пеш аз туй хамаги як бор вохурду халос.Вакти мулокот Сабрина ахамият дод,ки чавон хангоми гап задан ба хар тараф харосон менигарад.Аммо у он вакт ба ин рафтори шавхари ояндааш ахамият надода буд.
Туйи калон ороста хардуро никоху акди расми карданд.Чавон бо модараш зиндаги мекард.Модараш ,ки равоншиноси машхур буд,бо келинаш хеле бо эхтиет муносибат мекард.Аз келинаш пинхон карда буд,ки писари ягонааш аз хурди модарзод аклаш норасо аст.Модар барои хушбахтии писараш шуда аз духтари солим ин сирро пинхон кард.
Сабрина шаби аввали васл дарк кард,ки чавон аклаш сад фоиз нест.Чавон телевизорро баланд монда,худ ба худ ракс мекард.Суруд мехонду ба аруси ороста умуман нимнигохе намекард.Сабрина аз рафтори у хам гиряаш омаду хам хандааш.Фикр кард,ки ба клоун масхарабоз ба шавхар баромадааст.
Домод хуб раксиду сипас аз ошхона рафта як косаи калон шурбои гушти оварду нон реза карда чалап-чалап карда хурдан гирифт.Дили Сабрина аз чунин хурокхурии домод бехузур шуд.Соат 3 -и шаб буд.У чойнамоз партофта намози тахаччуд хонд ва аз Худо зори кард,ки шавхараш ором шавад.Хамин лахза сари чойнамоз Парвизи кадбаланди зебо ба хотираш расиду зор-зор бо алам гирист.
Идома дорад
...

@qissahoizindagi
1.2K viewsᴀʙᴜ ᴍᴜᴅᴀssɪʀ, 02:05
Buka / Bagaimana
2023-05-27 05:29:39
Вақте Пои Гусфанд бишканад фарқияти мо аз Европа ва Тоҷикистон

Манбаъ: @korvoni_umr
1.0K viewsᴀʙᴜ ᴍᴜᴅᴀssɪʀ, 02:29
Buka / Bagaimana
2023-05-14 06:30:31 Домоди телефони

Олима бо шавхари ояндааш таввасути хамсоязан шинос шуда буд.Онхо соатхо телефони сухбат мекарданд.Аммо хеч гох чавон тарики видео сухбат кардан намехост.Мегуфт,ки мехохам бароят чун як тухфаи нокушода то соати туй боки бимонам.
Чавонписар бо падару модараш дар Русия зиндаги мекарданд.Модараш рус буду падараш точик.Аммо падараш аз модараш кайхо чудо шуда зан гирифта буд.Чавонписар дар як ширкати мобили мусохиб шуда кор мекард.Садояш хеле хушу гуворо буд.Суханхои беьмани ба забон намеовард.
Олима ба овозаш ошик шуда дигар даьво намекард,ки видеои сухбат кунанд.
Хуллас баьди се мохи бо хам гап заданхо Салим як хеши дури падариашро ба хонаи онхо хостгори фиристод.Масьалаи туйро гузоштанд.Олима сагера калон шуда дар хонаи амакаш зиндаги мекард.Зани амакаш ба хостгорон даррав розиги дод.
Арусро як маьракача бе домод карда чипта гирифта ба Русия фиристоданд.Дар фурудгохи хавои уро модари домод пешвоз гирифта бо лахни шикастаи точики гуфт ;
-Хуш омади духтарам.Акнун ту духтари ман хасти.
Олима дилаш тах рафта ба худ гуфт :чаро Салим нест?модараш ба пешвоз омадааст.Чи гап шуда бошад?Хатто таввасути вайбер занг намезанад.
Модари домод келини ояндаашро ба хонааш бурд.Сипас дарро кушода Бори дигар уро модарвор ба огуш кашида хайра макдам кард.
-Хуш омади келини хушруйи ман.Нури дида,точи сар.
Олима чашмонаш домодро чуе шуд.Ташнаи дидор буд.Аммо хушдомани оянда уро ба хучраи дигари бурда дарро кушод ва гуфт;
-Салимчон,чони оча ана келин.
Руйи бистар домоди 140 киллоха менишаст.Олима як кад парида ба у нигох карда фикр кард,ки шояд акаи Салим бошад.
-Хуш омади азизи дил.
...Худое ,хамон овоз,хамон сухани байни мо.азизи дил гуфтанаш...наход ин бочка шавхари ман бошад ?
Олима кариб гиря кунад.Пеши ин полвон у резаустухону нозукак буд.
Салим гунахкорона ба у нигариста гуфт;
-Бале ман безебам.Аммо модарзод чунин таваллуд шудаам.Хатто дар бораам кудаки вазнинтарин гуен кино хам карда буданд.Гунохи ман нест ,ки чунин башара,вазн дорам.Натарс,агар нахохи,никох намекунам.Рав гашта ба ватан.-чашмонаш пури об шуданд.
Нигоххои самимиву содаи Салимро дида Олима дилаш нарм шуд.Гуфт:
-Ман аз сухбати боадабонаи ту бисер бахра ,маьни мегирифтам.Ошики садоят будам.Имруз ки Аллох хостааст бо хам дидор бинему зани ту бошам,пас дигар хочат ба норохату норизо шудан нест.
Домуллоро фаред кунед.
-Очачон -у рози аст-туйро сар мекунем.
Туйи хоксораи онхо дар як кахвахона баргузор шуд.Баьди туй ва никох онхо ба хонаи хушдоманаш омаданд.Салим аз хурсанди мегирист.
Холо онхо сохиби дугоник,як духтару як писар хастанд.Олима шавхарашро хеле дуст медорад ва бо шухи хирсаки ман мегуяд.
Маьнии зиндаги аст ,ки гоххо мо одамон ,бахусус хонумон ба зохир дода шуда аз ботини поке бехабар мемонем.
Худованд мову шуморо хифз кунад илохо
.

@qissahoizindagi
2.1K viewsᴀʙᴜ ᴍᴜᴅᴀssɪʀ, 03:30
Buka / Bagaimana
2023-05-13 19:33:24
Танҳои ҳаққи касе аст, ки хиёнат мекунад,. Аммо насиби касе мешавад, ки вафодор аст...
ABU MUDASSIR

@qissahoizindagi
3.3K viewsᴀʙᴜ ᴍᴜᴅᴀssɪʀ, edited  16:33
Buka / Bagaimana
2023-05-11 18:31:39 Чордеволи Қисмат Қисми 1 Васила донишгохи миллиро бо бахои хубу аьло хатм намуд.Мехост,ки бо касби дустдоштааш кор кунад.Аммо чойи кори хуб наефт.Ба замми ин хонаводаашон камбизоат буданд.Ду апааш аз шавхар чудо шуда омада дастнигари бародараш буданд.Зани…
3.5K viewsᴀʙᴜ ᴍᴜᴅᴀssɪʀ, 15:31
Buka / Bagaimana
2023-05-10 19:05:49 Чордеволи Қисмат Қисми 1
Васила донишгохи миллиро бо бахои хубу аьло хатм намуд.Мехост,ки бо касби дустдоштааш кор кунад.Аммо чойи кори хуб наефт.Ба замми ин хонаводаашон камбизоат буданд.Ду апааш аз шавхар чудо шуда омада дастнигари бародараш буданд.Зани бародараш доимо бо хохарони  шавхараш дар чангу таьна буд.
Василаро бошад доимо таьна мекард,ки ту синну солат ба 40 даромадаасту то хол шавхар, кудак надори.Хатто чодару туйю чаманро надидаи.Дигар пирдухтар шуда монди.Касе туро намегирад.Агар мурди бо дарахт никох мекунанд.
Ин суханони нешдори янгааш ба дили у сахт мерасиду дод мегуфт дар танхои.Дар хусну чамол зебо буд,аммо аз хурди вазнаш хеле зиед буда асло хароб намешуд,агарчанде кам хурок мехурду бисертар гардиш менамуд.Табиатан фарбех буд.Аз дари хонаашон ягон хостгор намедаромад.Аммо хислату рафтораш бисер намунави,боодоб буд.Покизакориаш ку хамаро мафтун карда чандин модарон писарони худро зори мекарданд,ки барои хостгори ба Васила рози бишаванд.Аммо,хайхот...
Фарбехиаш боис мешуд ,ки касе ба зани намегирифт.Василаро як дугонааш аз Русия занг зада гуфт,ки дар ин чо кор аст,бие дар як заводи пичини кор мекуни.Шояд ин чо бахтатро мееби
Ин чо зангир рехтааст.
Васила хеле фикр карду окибат барои мухочират рафтан азм кард.Модарашро рози кунониду дуояшро гирифта ба Русия омад.Ин чо дар завод кор даромад.Дар ду баст мехнат карда пул чамь мекард,то оянда барои сари танхояш як замин е хоначае харида тавонад.Пулхояшро ба модараш мефиристод барои чамь кардан.Васила барои худаш чизе намехарид.Факат дар фикри ягон сарпанохе харидан буд.Бо дугонааш рузхои истирохати ба машки бадан ,фитнес мерафт.Каме хароб шуд.Бо чавоне тасодуфан шинос шуд.Чавонмард худро сагераву бесохибу бекас муаррифи карда гуфт,ки касе надораду мехохад уро бо никохи мусулмони ба зани бигирад
Васила ба модару акааш занг зада розигии онхоро гирифту як маьракача аз хисоби худаш ороста дугонахояшро фаред карду бо ин чавон издивоч намуд.Хонаеро ичора гирифта,зиндагиро огоз намуданд.Васила худро хушбахттарин зани дуне эхсос мекард.Чавон аз хисоби у мехурду мезист.Рузе у телефони мобилиашро дар хона фаромуш карда ба берун баромада монд.Ба телефони у занг беист омадан гирифт.Васила ноилоч телефони шавхарашро гирифта ба он ракам чавоб дода алло, гуш мекунам,гуфт.
-Ту кии э бева?
-Ман бева не,номам Васила
-Хаму беваи гафси пулдор туйи?
-Чии?
-Чи,чи накун,шавхарам дар бораи ту ба ман накл карда буд.Гуфт як беваи хирси пулдорро ефтам,занак токат кун.
-Шумо ки аввал худро шинос кунед.
-Ман хамсари якуми Рустам.Сохиби ду кулак хастам.
-Охир ин мегуяд,ки сагера ,бесохиб аст ку
-Бесохиб нест,хусуру хушдоман дорам
-Чи хел исбот  мекуни?
-Аз берун омад,телефон кун,ман ба руяш мегуям.
Васила сарашро дошту ба фарши хона афтод.Дигар чизе ба хотираш нест.
Идома дорад
...

@qissahoizindagi
2.8K viewsᴀʙᴜ ᴍᴜᴅᴀssɪʀ, 16:05
Buka / Bagaimana
2023-05-10 18:52:23
#НИШОНАИ_ҚИЁМАТ_АСТ ?

Дар биёбонҳои Арабистони Саудӣ баромадани об бори чандум аст ки мардумро дар тааҷҷуб овард.
Оё ин нишонаи Қиёмат аст
?

Манбаъ: @korvoni_umr
1.2K viewsᴀʙᴜ ᴍᴜᴅᴀssɪʀ, 15:52
Buka / Bagaimana
2023-05-10 17:04:49 Лутфияи гумгашта Қисми-1 Модару духтар дар каторра ба шахри Волгоград сафар доштанд. Духтарчааш он солхо 6 сола буд.Рамзияро шавхараш ба садама дучор шуду вафот кард. Баьди вафоти шавхараш у дигар дар хонаи хушдоманаш наистода бо духтарчааш рохи мухочиратро…
1.2K viewsᴀʙᴜ ᴍᴜᴅᴀssɪʀ, 14:04
Buka / Bagaimana
2023-05-09 04:03:45 Лутфияи гумгашта Қисми-1

Модару духтар дар каторра ба шахри Волгоград сафар доштанд.
Духтарчааш он солхо 6 сола буд.Рамзияро шавхараш ба садама дучор шуду вафот кард.
Баьди вафоти шавхараш у дигар дар хонаи хушдоманаш наистода бо духтарчааш рохи мухочиратро пеш гирифт
Дар шохрохи Карши-Самарканд онхо ним соат вакт доштанд,ки ба берун баромада ягон чи барои хурдан бихаранд.Рамзия ба Лутфия гуфт,ки аз купе набаро,ман пирожки мехарам меоям.
Вакте Рамзия омад,духтарчааш набуд.Дод зада Лутфия гуен магал бардошт.Поезд ба рох баромад.
-Кани духтари ман?Кучо шуд ?Поездро мань кунед.Духтарамро ефта дихед.
-Ором шавед-рохбалад уро ором кардани шуда як пиела об дод.
Рамзия пиеларо партофту боз кани духтари ман гуен дод зад.
Як зан ба у охиста гуфт;
-Хохар ором шавед,аввал ин ки кудакро танхо намегузоранд.Дуввум ин ки ман мушохида кардам баьди рафтани шумо духтарча хам берун баромад.
-Поездро мань кунед,вагарна худамро мепартоям.
Дар станцияи навбати уро фароварданд.Аз он чо такси гирифту ба тарафи Карши рахсипор шуд.Он чо ба идораи полис рафта ариза навишт.
Худаш ба чустучуйи Лутфия баромад.Аммо бенатича,касе духтарчаро надида буд,мисле ки ба замин фуру рафта бошад.
Рамзия кариб шаш мох дар Карши монд.Як руз ягон чо кор мекарду боз духтарашро кофтукоб менамуд.Аз Лутфия на пай буду на хайдар.Полис гуфт,ки шояд уро касе дуздидааст.Рамзия бо дили афгор ба Волгоград рафт,ният кард ки пул кор карда омада дар Карши як хонача мехарад ва духтари гумгаштаашро мекобад.
Бо хукми такдир ин чо бо марде шинос шуду онхо никох карданд.Аз мард дугоник писар хомиладор шуд.Шавхараш гуфт,ки тифлонро сихат,саломат таваллуд кун,баьд якчоя боз духтарчаатро мекобем Лутфияро.аксхояшро ба сомонахо пахн кардем,шояд касе дида бошад,дер е зуд менависанд.
Рамзия умед дошт,ки рузе аз рузхо духтарашро меебад.
Рамзия баьди таваллуди дугоникхо 70 руз ба кома фитод.Хотироташро гум кард.Шавхараш баьди ба хуш омаданаш уро ба ватан бурда точики табобат кард.Аммо Рамзия хеч сихат намешуд.Шавхараш кудаконро гирифта боз ба Русия рафт.Рамзия хонаи бародараш монд.Бо касе гап намезад,хотираш доимо парешон буд.Ба васвос фитода гапхои сафсата бисер мегуфт.
Аз байн солхо гузаштанд.Шавхараш зани дигар гирифт.Писаронашро оварда монд.Рамзия каме ба хуш омад.Дар колхоз кор даромад.Писаронашро бо мехнати халол ба воя расонид.
Баьди солхои зиед боз ба чустучуйи духтари гумгаштааш баромад.Аммо хамоно бедарак буд Лутфия.Боре ба хонаи як хешаш ба туй рафт.Тарафи кудои хешаш як зани миенасол бо чавонзани зебои кадбаланди кокулонаш болои токи сари дастархон менишастанду бо у сухбаташон гарм шуд.Рамзия гуфт;
-Дугоник писар дорам
Агар дугоник духтарони хуб дарак дошта бошед,гуед,ман хостгори равам.
-Ман дар бисотам як духтар дорам
Номаш Насиба.
Рамзия ба чехраи Насиба нигариста ба дил гуфт;
-Агар Лутфия хозир кучое бошад саломат,ба 29 медаромад.Синну соли ин чавонзани зебо.Ачабо ин кадар ин чавонзан нурониву гарм аст руяш.Гуе солхо мешиносамаш.
Аз казову кадар у хануз намедонист,ки ин чавонзан духтари гумгаштааш Лутфия аст.Модари у бошад зане ки 23 сол пеш вакти Лутфия аз каторра фаромада оча кофтан уро фиреб карда дуздида буд.Ин зани бефарзанд он солхо дар рохрави каторра нушокиву чуворимакка мефурухт ба мусофирон.Кудакро танхо диду даррав дар фикри рабудани у шуд.Инак аз байн 23 сол гузашт.Он солхо Лутфия шашсола буд.Аклаш намегирифт .Уро зан насибаи мани гуен,Насиба ном ниход.
Идома дорад...


@qissahoizindagi
1.2K viewsᴀʙᴜ ᴍᴜᴅᴀssɪʀ, 01:03
Buka / Bagaimana