Get Mystery Box with random crypto!

Санги сабур Қисми -4 Рамазон бо бибиву бобояш ба хонаи хешашо | Қиссаҳои Зиндагӣ

Санги сабур Қисми -4

Рамазон бо бибиву бобояш ба хонаи хешашон туй мераванд.Ногахон Рамазон хангоми бози бо чурахояш сараш чарх мезанаду бехолу беед меафтад ба замин.Уро таьчили ба беморхона мебаранд.Аз азал бобохои мо мегуфтанд,ки агар дугоникхо дар як хаирохак ба дуне омада бошанд,вакте яке дард эхсос мекунад,дигари хам ин сония ин дардро дарк мекунад.
Асмия сарашро дошта дод мегуфт.Табибон ягон бемори дар вучудаш наефтанд.Сабрина духтарчаашро ба назди донишманди исломи бурда дуохони кард.Хамон шаб хоб дид,ки кудаке оча гуфта нолиш дорад.Асмия бисер хотирпарешон шуд.Худашро хам дуохони намуд.Рамазонро баьди ташхиси тибби табибон гуфтанд,ки дарди нимсараи фаромушхотири дорад ва мебояд сари вакт табобат намуд.Рамазон доимо аз бибиву бобояш мепурсид,ки очаам,падарам кучост?Бибиаш акси якчояи Сабринаву Матинро нишон дода мегуфт,ки ана очаву падарат,ино пеши Худо рафтаги.Шабхо кудаки чорсола таги курпа гирякунон мегуфт:худочон якборакак очаму отама пешам биер.Мисли дигар чурахоям очаву ота дошта бошам.
Рамазону Асмия мисли себи дукафон бо хам монанд  буданд .Гох гох дар танхои падари Матин хамсарашро таьнаву маломат карда мегуфт,ки ту аз Худо натарсида дугоникхоро чудо карди.Хатто очаашон намедонад ,ки писарча дорад.Холо хам барвакт аст,ба келин занг зада асли вокеаро накл бикун.
-Не кордор нашав мардак.То вакте ман зиндаам,ин сирро пинхон дор.Пайю кадами у писарам мурд.
Як табиби занмурда ошики шайдои Сабрина шуд.Борхо изхори мухаббат карда хохиши издивоч намуд.Аммо Сабрина мисли каждумгазида рози нашуд.Падару модараш борхо гуфтанд,ки духтарам,холо чавони,ба шавхар баро.
Умратро хазон накун.
-Не ,намехохам ба шавхар бароям.Бас аст.
Ин табиб боре бо дигар хамкорон барои тачрибаомузи ба Туркия рафтанд.Хангоми чаррохии магзи сари Рамазон у як шабохатеро бо Асмия дида дар хайрат фитод.Аксхои Рамазон,нишонии уро гирифта ба ватан омад. Ба Сабрина акси Рамазонро нишон дод.Сабрина нишони,ному насаби хусуру хушдоманашро дида кариб ки аз хуш равад.
--Хо такдир....шояд ин хамон кудаки дар хоб дидаи ман аст. Аз ин бармеояд,ки дугоник писар будаасту ино маро фиреб карда мурда баровардаанд.
У духтарчаашро гирифта ба хонаи хушдоманаш парвоз кард.Хушдоману хусур Сабринаро бо Асмия дида дар тааччуб монданд.Асмия бо Рамазон мисли гули печон буданд.Кудакон якдигарро дида карахт шуданд.Хушдоманаш гирен бахшиш пурсид.Асмияро бобову бибиаш аз огушашон рахо намекарданд.Сабрина бо Асмия муддати як мох бо онхо зиндаги карданд.Сипас баьди таер кардани хуччатхои Рамазон уро бо худ ба ватан оварданд.Холо Сабрина бо ин табиб издивоч карда сохиби як писарча шуданд.
Дугоникхо айни замон 8 солаанд.Бо собик  хусуру хушдоманаш рафтуомад доранд.
Хушбахти овард сабуриву тахаммулаш.
Боки,саломат бошед
...

@qissahoizindagi