Get Mystery Box with random crypto!

АЗАМАТИ ТАВҲИД_!! Шайх-ул Ислам ибни Қайим Раҳимаҳуллоҳ мегӯя | 𝗔𝗧-𝗧𝗔𝗨𝗛𝗜𝗗

АЗАМАТИ ТАВҲИД_!!

Шайх-ул Ислам ибни Қайим Раҳимаҳуллоҳ мегӯяд:

Ҳеҷ чизе нест, ки монанди тавҳид сабаби бартараф шудани сахтиҳо бошад; ҳамчуноне, ки дуъои Юнус (алайҳи салом) бо калимаи тавҳид буд:

لَّا إِلَٰهَ إِلَّا أَنتَ سُبْحَانَكَ إِنِّي كُنتُ مِنَ الظَّالِمِينَ

Нест ҳеҷ маъбуди барҳақе ба ҷуз Ту вуҷуд надорад. Поку муназзаҳи Ту, ба дурустӣ, ки ман аз ситамкорон будам.
Сураи Анбиё 87

Аллоҳи мутаъол ранҷу балои ҳар ранҷдидаеро бо тавҳид ва ин дуъои тавҳиди бартараф месозад.

Чизе ҳамчун ширк, инсонро дар ранҷу бало намеандозад ва танҳо тавҳид аст, сабаби раҳоӣ аз ранҷу бало.

Тавҳид, паноҳу паноҳгоҳи Мусалмон; ва қалъаи устувори барои ӯ дар баробари сахтиҳост.

Фаваид. с 92


https://t.me/tmajhul