Get Mystery Box with random crypto!

#Новости Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи | Parviz TV

#Новости Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон 13 октябри соли 2023 дар ҳудуди ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон (Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон ва Шамсиддин Шоҳин), ҳамчунин ноҳияи Дарвози ВМКБ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боронҳои пуршиддат меборанд ва шамол дар як сония то 17-22 метр хоҳад вазид.
Дар натиҷаи боришот дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, афзоиши сатҳи об пешбинӣ шудааст. Харорати хаво 10—15 дарача паст мешавад.
Рӯзҳои 13-14 октябри соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои ВМКБ таҳдиди омадани селҳо боқӣ мемонад.