Get Mystery Box with random crypto!

АДАБИЁТИ БУЗУРГОН 🥀🍁

Logo saluran telegram adabiyoti_klassiki — АДАБИЁТИ БУЗУРГОН 🥀🍁 А
Logo saluran telegram adabiyoti_klassiki — АДАБИЁТИ БУЗУРГОН 🥀🍁
Alamat saluran: @adabiyoti_klassiki
Kategori: Tidak terkategori
Bahasa: Bahasa Indonesia
Pelanggan: 477
Deskripsi dari saluran

¤ Ирфон
¤ Ҳикмат
¤ Панд
¤ Шеър
¤ Байт
¤ Ғазал
¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид)
Канали мо дар инстаграм '@adabiyoti_klassiki'
http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI

Ratings & Reviews

3.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

0

1 stars

0


Pesan-pesan terbaru

2023-06-11 21:20:01 Гар ба айби хештан доно шавӣ,
Кай ба айби дигарон бино шавӣ!
#АТТОР
37 views𝙰𝙼𝙸𝚁𝙱𝙴𝙺, 18:20
Buka / Bagaimana
2023-06-10 23:00:21 Ин деҳ, ки ҳисори беҳушон аст,
Иқтоъдеҳи забункушон аст.
Бе шердиле басар наёяд,
В-аз говдилон ҳунар наёяд.
#Низомӣ
963 views𝚊𝚑𝚖𝚊𝚍𝚣𝚘𝚍𝚊_, 20:00
Buka / Bagaimana
2023-06-08 07:05:01 Ҳар кӣ корад, гардад анбораш тиҳӣ,
Лекаш андар мазраъа бошад беҳӣ.
#Мавлоно
1.1K views𝚊𝚑𝚖𝚊𝚍𝚣𝚘𝚍𝚊_, 04:05
Buka / Bagaimana
2023-06-05 20:25:16 Гар бар сари кори худ ғалтад назарат,
Аз кини касон гул макунад ҷуз ҳазарат
Теғе, ки ба рӯйи дигарон мебозӣ,
Гар вонигарӣ, баргашта ёбӣ зи сарат!
#Бедил
1.5K views𝚊𝚑𝚖𝚊𝚍𝚣𝚘𝚍𝚊_, 17:25
Buka / Bagaimana
2023-06-05 03:53:22 Як ҳикояти ибратомӯз аз эҷодиёти #Парвин_Эътисомӣ:

Гӯянд:
Деҳқоне миқдори гандум дар домани либоси пирамарди фақире рехт, пирамард хушҳол шуд, гӯшаи доманашро гираҳ карду рафт.
Дар роҳ аз фақириву нодориаш менолиду бо парвардигор сухан мегуфт:
-Эй кушояндаи гираҳҳои нокушода, иноят фармо ва гираҳе аз гираҳҳои зиндагиамро бигшой.
Дар ҳамин ҳол ногаҳон гираҳи доманаш боз шуду гандум ба замин рехт.

Ӯ бо нороҳатӣ гуфт:

Ман туро гуфтам, эй ёри азиз,

К- ин гираҳро бигшою гандумро бирез?

Он гираҳро чун наёрастӣ кушуд,

Ин гираҳ бигшоданат дигар чи суд?

Нишаст ва гирён гандумҳоро аз замин ҷамъ мекард, гандумҳо то рафт таги хок мешуданд, пирамард заминро мекофт то гандумҳоро ҷамъ созад. Дар камоли нобовари дид, донаҳои гандум рӯи зарфе пур аз тилло рехтаанд.

Нидо омад, ки:

Ту мабин андар дарахти ё ба чоҳ,

Ту маро бин, ки манам мифтоҳи^ роҳ...


мифтоҳ - кушоянда, калид;
265 viewsПарвина, 00:53
Buka / Bagaimana
2023-06-04 18:11:39 Эй дил аз пасту баланди рӯзгор андеша кун,
Дар барӯмандӣ, зӣ қаҳтии баргу бор андеша кун.

Аз насиме дафтари айём барҳам мехӯрад,
Аз варақгардонии лайлу наҳор андеша кун.

Бар лаби боми хатар натвон ба хоби амн рафт,
Эминӣ хоҳӣ, зӣ авҷи эътибор андеша кун.

Нест бе заҳри пушаймонӣ ҳузури ин ҷаҳон,
Аз раги хоби фароғат ҳамчу мор андеша кун.

Рӯй дар нуқсон гузорад моҳ чун гардад тамом,
Чун шавад лабрез ҷомат аз хумор андеша кун.

Гӯшагирӣ дардисар бисёр дорад дар камин,
Дар муҳити пуршару шӯр аз канор андеша кун.

#Соиб_Табрезӣ
231 viewsПарвина, 15:11
Buka / Bagaimana
2023-06-04 09:32:14 То надонӣ, ки сухан айни савоб аст, магўй,
В-он чӣ донӣ, ки на некўш ҷавоб аст, магўй!
#Саъдӣ
1.1K views𝙰𝙼𝙸𝚁𝙱𝙴𝙺, 06:32
Buka / Bagaimana
2023-05-30 04:54:27
#Мавлонои_Румӣ
Пок кун ду чашмро аз мӯи айб,
То бубини боғу сарвистони ғайб.

Дафъ кун аз мағзу аз бини зуком,
То ки реҳ*Аллоҳ дарояд дар машом.

#Шарҳ
Агар хоҳӣ ки аз неъматҳои Худованд баҳраманд бошӣ, аз айби мардум чашм бипӯш, агар ҳамеша дар паи айбҷӯи бошӣ, ин кирдори бад мисли мӯест ки ба чашмат халида , туро азобу шиканҷа медиҳад.

Рафтору кирдори бад мисли зуком ки ба нафас кашидан роҳ намедиҳад, шахси баднияту бадкирдорро аз насимҳои хуши ( неъматҳо) Аллоҳ мутаъол маҳрум месозад.
*реҳ - насим, бод
267 viewsПарвина, edited  01:54
Buka / Bagaimana
2023-05-29 14:55:02 Бирав, савдои беҳуда мапаймой,
Манеҳ берун зи ҳадди хештан пой!
#АТТОР
1.4K views𝙰𝙼𝙸𝚁𝙱𝙴𝙺, 11:55
Buka / Bagaimana
2023-05-28 22:10:01 Чун пир шудӣ, зи кўдакӣ даст бидор,
Бозию зарофат ба ҷавонон бигузор!
#САЪДӢ
1.2K views𝙰𝙼𝙸𝚁𝙱𝙴𝙺, 19:10
Buka / Bagaimana